БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вохӯрии навбатӣ дар Ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон, дар ташкилоти ибтидоии “Интернат маърифат” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, атрофи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафту шукуфоии Ватан, роҳандозии корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба ифтихори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, аз ҷумла таъкид намуданд, ки Истиқлолият туҳфаи арзишманд барои мардуми шарафманди тоҷик мебошад ва ба қадри ин арзиши воло ва неъмати бебаҳо бояд расем.