Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ин навбат масъулини ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”- и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои муҳим, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои террориству экстремистӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки терроризму экстремизм зуҳуроти нав набуда солҳои охир ба амнияти ҳар як кишвар ва сокинони сайёра таҳдидаш бештар гаштаст. Аз ин рӯ, зарур аст ҷиҳати ҳифзи мафкураву маънавиёти ҷомеа корҳои таблиғотию ташфиқотӣ бурда, ҷавонон ва наврасонро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар тарбия намоем.