ВОКУНИШ. Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳони муосирро хатари терроризму экстремизм чун як вабои аср фаро гирифтааст. Мақсади ин ташкилотҳои ифротгаро ва ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, ин ноором кардани давлату миллат, гумроҳсозии ҷавонон, бераҳмиву қатлу куштор, найрангу фиреб ва ғайраҳо мебошад. Нафароне, ки ба ҳарфу ваъдаҳои онҳо бовар карда, фирефта мешаванд, ҷони худ ва ҷони ҳазорҳо мардуми бегуноҳро зери хатар мегузоранд. Ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, дар зери ниқоби дини мубини Ислом чи корҳои фассоду даҳшатнокро анҷом медиҳанд. Ин хоинони давлати озоду миллати бофарҳанг бо дили бераҳму сангинашон ободиву зебогӣ ва оромию сулҳу суботи кишварро нодида мегиранд. Шукрона аз ин тинҷию оромӣ ва осудагии кишвар намекунанду ба қадри доди ин неъматҳои Худовандӣ намерасанд.
Дар ҷанги шаҳрвандӣ нафарони зиёде аз падару модар, акаву додар, апаву хоҳар, хешу ақрабо ва фарзандон маҳрум мондаанд, ки то ҳол дар фироқи азизонашон месӯзанд. Ин таҷрибаҳои талхи ҳаётӣ ба бадхоҳони миллат ибрат нашуда, боз ҳам Кабириву ҳамтабақони ӯ, ки дар хориҷи кишвар бо луқмаи хоҷаҳои аҳриманиашон даҳон ширин мекунанд, мехоҳанд бо амалҳои нопок ин миллати ранҷдидаро боз зидди якдигар бишӯронанд. Ба ҷои он, ки ба як давлати соҳибистиқлол, ки акнун қомат меафрозад, мадад расонанд , баръакс бар онанд, ки ҷангу ҷидол афкананд, боз хуни мардуми бегуноҳро бирезанд. Ин кору рафторашон на дар назди Худованд ва на дар назди давлат бахшиданӣ нест. Ин миллати ранҷдидаву азияткашидаи тоҷик, ки ба роҳи худшиносиву ободгароӣ пеш меравад, дигар ҳаргиз ба фиребу найранг ва дасисаҳои худобехабарон дода намешаванд. Хоинону бадхоҳони миллат ҳаргиз ба мақсади нопоки худ намерасанд.
Дилафрӯз Расулова,
мутахассиси шуъбаи ташкилӣ
ва бақайдгирии КИ ҲХДТ дар ноҳияи А. Ҷомӣ