БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШИКАСТИ НАҲЗАТИҲО ДАР САҲА!

ВОКУНИШ. Шукри Истиқлолияти Ватани азизамон, ки мо имрӯзҳо дар фазои сулҳу Ваҳдат ва оромӣ умр ба сар мебарем. Аммо мутаасифона ашхосе ҳастанд, ки мехоҳанд ин давлати рушдёфтаистодаи моро боз ба солҳои 1992-юм баргардонанд. Ба ҳамаи ободиву созандагиву гулгулшукуфии Ҷумҳурии азизамон нигоҳ накарда, ашхосе, гуруҳе ва ифротиёне пайдо мешаванд, ки нисбати Ватанамон сухану рафтору амале нопоке раво бинанд. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти чаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Ба ҳама зиёиён ва тамоми аҳли ҷомеа маълум аст, ки аз 16 то 26-уми сентябри соли 2019, дар пойтахти Ҷумҳурии Лаҳистон, шаҳри Варшава ҷаласаи солонаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баргузор гардид. Дар кори ин ҷаласа, дар баробари давлатҳои аъзо, намояндагони гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, аз қабили ТТЭ ҲНИ, Гурӯҳи 24, ба ном Паймони миллӣ, ки САҲА онҳоро ҳимоят мекунад, иштирок намуда, ба чашми оламиён хок пошидан мехостанд, аммо хушбахтона сокинони кишварамонро дигар бо ягон фитна ба доми фиребашон гирифта наметавонанд.

Онҳо дар таҳлукаи ҷони худ дигар чӣ кор карданашонро намедонанд. Таърих онҳоро ҳамчун хиёнаткорони мардуми хеш дар саҳифаҳояш менависанд.

Дигар онҳо бо сари хам ва шармандавор аз ҷаласаи САҲА берун мешаванд. Халқи олам ба онҳо нафрат оварда «лаънат» мехонанд. Беҳуда шоир нагуфтааст:

Ҳар ки бар душмании халқ равонаст чу бод.

Зуд бошад, ки сари худ чу гирдоб хурад…

Агар онҳо мусулмони асил мебуданд медонистанд, ки Ислом дини хайрхоҳ аст, на дини душманкоб ва онҳо ба пули ҳароми хоҷагони хориҷиёнашон мусулмонии худро фурухтанд ва ҷои онҳо яқин дузахи тафсон аст. Наҳзатиҳо одамони бевиҷдон ҳастанд ва ба онҳо касе дӯстиро раво намебинад.

Бегонапарастӣ, ифротгароӣ пеш аз ҳама аз тангназарию бесаводист. Ин гуна гумроҳӣ аз ҷониби ҷавононе содир мешавад, ки таълимоти дурусти диннӣ надорад. Саломатии руҳии онҳо хуб набуда, дар оилаҳои носолим ба комол расидаанд, ки дар натиҷа бозичаи дасти мансабпарастону душманони миллат мегарданд.

Моро зарур аст, ки насли ҷавонро дар руҳияи ватандустӣ, меҳанпарастӣ ва арҷ гузоштан ба муққаддасоти миллӣ тарбия намуда барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоем.

Имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистони азизамон аз ҳамаи он хиёнату мардумфиребии наҳзатиҳо огоҳ буда, дигар роҳ намедиҳанд, ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мардумро аз роҳи худ гардонад.

Юсуфзода Рамазон Саид, узви фаъоли Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg