АНДЕША. Бо шарофати ҳамин Истиқлолият Ватани маҳбубамон ободу зебо ва рӯз то рӯз гул-гул шукуфон гашта истодааст. Дар тули 28 соли соҳибистиқлолӣ иншоотҳои наву замонавӣ, муассисаҳои таълимӣ, омӯзишгоҳҳо, литсей - интернати бачагони болаёқат, гимназияҳо, Донишгоҳу донишкадаҳо, марказҳои саломатӣ, муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти наву замонавӣ муҷаҳҳаз сохта, ба истифода дода шудаанд.
Шукри сулҳу шукри ваҳдат мекунам,
Шукри истиқлоли давлат мекунам.
Бо шарофати Истиқлолият номи зиёди бузургон аз нав зинда гаштанд. Ман, ки худ фарзанди даврони истиқлолам, шукрона аз ин гавҳари ноёб мекунам ва ин неъмати бебаҳоро чун гавҳараки чашм муҳофизат менамоям. Бо ҳар як нафаси озод, рӯзгори орому осуда, кору фаъолияти писандидаам, шукрона мекунам. Шукрона аз Яздони пок мекунам, ки тавассути сиёсати оқилонаву одилона, ҳадафҳои раъиятпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати моро наздики 200 давлати дунё мешиносанду истиқлолияташро қадр ва эътироф менамоянд. Вақте ба шаҳри Душанбе сафар мекунаму дар кӯчаву раста, боғу гулгаштҳои он саёҳат мекунам, мебинам, ки чи қадар ободу зебо аст, пойтахти Ватани азизам. Мардони садоқатманду шуҷои Ватанро мебинам, ки бо иродаи қавӣ қадам ба сӯи пеш монда, дар иншоотҳои бузурги аср машғули корҳои ободониву созандагианд. Ҳар рӯз бо иштироки Пешвои миллат, дар инҷо ҷиҳати бунёди иншоотҳои нав ба нав, ки амсолашон дар ҷаҳон назир нахоҳанд дошт, санги асос гузошта мешавад.
Боиси хушнудист, ки дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар 9- сентябр - рӯзи ҷашнгирии 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чархаи дуюми агрегати НБО-и Роғун ба истифода дода шуд. Ин ҳам яке аз муваффақиятҳои калонтарин дар давлатамон ба ҳисоб меравад. Дар роҳи муваффақ шудан ба ҳадафи чоруми Ҳукумат-саноатикунони босуръати кишвар корҳо бо субот оғоз ёфтаанд. Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромади худ изҳор менамояд, ки ҷавонон неруи созанда, ояндаи давлату миллат мебошанд. Мо, ҷавонон ба ин боварии Сарвари давлатамон сазовор монда, аз сиёсату ҳадафҳои давлату Ҳукумат ҳамеша дастгирӣ хоҳем намуд.
Дилафрӯз Расулова, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ
ва бақайдгирии КИ ҲХДТ дар ноҳияи А. Ҷомӣ