БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲУВВИЯТСОЗӢ ВА ИСТИҚЛОЛХОҲӢ БА «ПАЙМОНИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН» ДАХЛ НАДОРАД Ё «КОРИ ҲАР БУЗ НЕСТ ХИРМАН КӮФТАН»

АНДЕША: Баромади М.Кабирӣ-роҳбари ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломро дар шабакаи «Ютуб» тамошо карда, ба хулосае омадам, ки андешаи ӯву ҳамсафони роҳгумзадааш ба андешаи кулли сокинони Тоҷикистон созгор нест. ӯ дар ҳошияи яксолагии таъсисёбии паймони ғайримиллӣ чунон ҳавобаландона ва намоишкорона баромад мекунад, ки гӯё ягон мутафаккир ё донишманди хеле варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ бошад. Гоҳе дар сухан миллат месозад, гоҳе ҳуввиятро ба таври худ банду баст намуда, интизори садои қарси ҳамсангаронаш аз толор мешавад.

Агар шахси аз сиёсат дур каме аз бозиҳои пасипардагии ӯ огоҳ набошад, дар кӯтоҳтарин фурсат ба доми ин махлуқи одамнамою дар асл аҳримансиришт меафтад.

Дар пасманзари баромадҳои ин шахсияти дар нохунак сиёсӣ метавон андеша дошт, ки ҳуввиятсозӣ ба он гунае нест, ки барои кайк шуда пӯстинро сӯзӣ! Аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ назари мардуми тоҷик нисбати шинохти миллату мероси миллат хеле баланд буд. Мутаассифона ин ҳуввиятро шумою падарони маънавиатон анқариб дар дили миллат куштед! Ҳуввиятсозии наҳзатӣ танҳо дар ҷомаи танги исломи ифротгаро таблиғи бунёди давлати исломӣ дар Тоҷикистон буд. Ҳоло низ бо доираи афкори ба худ хос дар талоши амалисозии ормонҳои зери хоқ рафтаатонед, ки боварии комил дорам ин орзуҳо ҳеҷ вақт ҷомаи амал намепӯшад.

Ин ҷо метавон ёдрас шуд, ки дини мубини ислом ҳеҷ гоҳ башариятро ба қатлу куштори якдигар даъват накардаасту намекунад. Агар вазнин ҳам шавад, наҳзатиҳо ҳуввиятро ба хотири сохтани давлати исломӣ ва ришу фаши арабӣ дар дили мардуми тоҷик анқариб куштанд. Касе аз миллату ҳуввияти миллӣ мегуфт фармони қатлаш дар водии Вахш аз ҷониби ҷондорҳои наҳзатӣ навишта мешуд. Ҳатто тарз ва усули қатл дар фармони сипоҳсолоратон ба таври мармуз қайд мегардид.

Метавон бо боварӣ гуфт, ки ҳуввиятсозӣ ба Кабирию, Маҳмадалию Саидумару Алиму Шарофиддину ва дигар майда-чӯйдаҳо ҳеҷ гоҳ дахл надошту ин тӯдаи ахлот ҳеҷ гоҳ истиқлолхоҳ набуданду нестанд.

Истиқлолхоҳӣ он нест, ки танҳо дар минбарҳо ба мардум аниқтараш ба гурӯҳи манқуртшуда назария омӯзонид! Истиқлолхоҳӣ дар канори Ватан дар ҳама лаҳзаҳо будан аст! Истиқлолхоҳӣ ба як коса обу дони Ватан, нону намаки он, бо мардуми сарбаланди он будану хизмат кардан аст!

Ҳаммонанди ин, ҳар як муваффақияте, ки дар ҷомеаи мо рӯи кор омадааст, «ҷаноби» Кабирӣ онро ғоя ва моли худ медонад. Хуб мебуд, ки дигар руҳи озодмардони миллатро ин ғоядӯзд ноором намесохт. Руҳи озодмардони миллат аз Имоми Аъзам то Исмоили Сомонӣ ва садҳо тан ҷавонони ғаюру ватансоз, ки умри худро қурбони ҳуввиятсозию ватансозӣ кардаанд, аз масъалагузории бемантиқи Кабирӣ дар азоб аст.

Мусаллам аст, ки барои рушди ҷомеа шахсият нақши калидӣ дорад. Воқеан, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба ҳам овардани халқи Тоҷикистон чӣ заҳматҳое накашидаанд. Оё ягон шахси ҳуввиятдоштаи зери нохунак ҳамсони Кабирӣ дар рӯзҳои сахту сангин дар канори миллат буд!? Он қаҳрамонҳои зери нохунак, ки Кабирӣ васфи онҳо мекунад, баъди ноором сохтани вазъи сиёсӣ дар кишвар думро хода карда қисме аз ширинии ҷон ба Афғонистону Эрон, қисми дигар ба Русия, Қазоқистону Қирғизистон гурехта рафтанд. Имрӯз, ки ҷомеа ором аст, «ҷаноби» Кабирӣ аз онҳо ҳуввият месозад. Хестед, ки хобед! Миллат қаҳрамнҳои худро дар ҳар давру замон мешиносад ва ба онҳо эҳтиром мегузорад.

Воқеан, «кори ҳар як буз нест хирман кӯфтан!» Роҳбарӣ кори саҳлу содда нест!Аллакай исбот шудааст, ки дар давраи роҳбарии Кабирӣ ба ҳайси раиси ҳизби наҳзати ислом чӣ мушкилие сари миллату давлат бор шуд. Хонумони садҳо ҳамватанони мо сӯхт!

Ин адешаҳои ботили ҳуввиятсозии паймони ғайримиллӣ зери роҳбарии М.Кабирӣ ба ҳеҷ ваҷҳ оянда надорад. Ва ин орзуву омоли амалинашаванда як умр дунболагири онҳо боқӣ хоҳад монд.

 

Шифо Қурбонзода,

аъзои фаъоли ҳизб дар

ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg