Паём – роҳнамои миллат

КӮЛОБ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Телеком-2” доир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  бо раисони кумитаи маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева,  узви ҲХДТ, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Баҳром Садиров, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Сарахон Абдуқаҳҳоров ва корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯз Шарипов иштирок  намуданд.

Зимни вохӯрӣ Саъбагул Валиева ёдовар шуд, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ қайд карданд, ки соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии кишвари мо Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 - 2028» расман оғоз мегардад.

Дар мамлакати мо, ҳамчунин, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мегарданд, ки мақоми муҳим хоҳанд дошт.

Аз иштирокчиён дар рафти вохӯрӣ таъкид ба амал оварда шуд, ки фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмиллалӣ ва ҳамзамон ташкили чорабиниҳо ба оғози расмии Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” мунтазам тарғиб карда, минбаъд низ дар амалисозии ҳадафҳои олии дар ин самт пешбинишуда ҷаҳду талош намоянд.IMG_20180103_104126_1.jpg

Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба дигар паҳлуҳои Паём баррасӣ гардида, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Релизҳо

_____________