БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҒУН ТАҲКУРСИИ БОЭЪТИМОДИ ОБОДИВУ САРСАБЗИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ АСТ

ҶАЙҲУН.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Мирсаид Миршакар» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ вохӯрӣ доир гардид.

Дар рафти чорабинӣ  масъалаи ба миён гузошташуда муфассал аз ҷониби масъулин суханронӣ  карда шуда, таъкид гардид, ки маҳз бо мақсади таъмин намудани рушди босуботи кишвар ва мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ Ҳукумати мамлакат тараққиёти соҳаи энергетикаи обиро самти муҳимтарину афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ ва расидан ба истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ эълон намудааст.

Боиси хушнудист, ки 9 сентябри соли равон Пешвои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори чархаи дуюми НОБ-и «Роғун» ҳусни оғоз бахшиданд. Ин сана дар таърихи давлатдории тоҷикон  боз як саҳифаи наверо боз намуд ва қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg