ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вохӯрии навбатии масъулини ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Давад – Ҳалқаёри ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.
Дар мулоқот роҳбарияти Кумитаи иҷроия дар бораи самтҳои афзалиятноки ҳизбӣ, дар таърихи навини давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун рӯйдоди муҳиму тақдирсоз - ба истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун суханронӣ намуда, ҳамагонро ба корҳои ободониву созандагӣ, сариштакорона истифодаи нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ раҳнамоӣ намуд.
Дар фарҷом вобаста ба қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии ташкилоти ибтидоии мазкур барои таъмири бинои ёрирасони муассисаи таълимии деҳа масолеҳи таъмирӣ кӯмак расонида шуд.