БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ ВАТАНСОЗӢ БАҲРИ ОБОДИИ ВАТАН АСТ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ибтикори масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии «Бӯстон»-и ҷамоати деҳоти «Озодагон» мулоқот  роҳандозӣ гардид.

Суҳбат бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоӣ сурат гирифта, дар он самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб дар меҳвари асосии  мулоқот қарор дода шуда, масъулин муфассал андешаронӣ намуданд.

Қайд шуд, ки вобаста ба татбиқи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вазифаи мо ҳизбиён бо роҳи тарғиби созанда даъват намудани сокинони икшвар барои машғул шудан ба хоҷагидорӣ, ҳунарҳои мардумӣ, корҳои хонагӣ ба хотири кам кардани шиддати бекорӣ, бо мақсади беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ  мебошад.

Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»  аъзо ва фаъолони ташкилоти ибтидоии “Бӯстон” дар  кашидани хати оби нӯшокӣ саҳмгузорӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg