НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Чортут”-и ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак хониши сиёсӣ ва Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” доир карда шуд.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии мазкур барои харидории тахтаи синфии электронӣ ба синфхонаи фани биология 800 сомонӣ кӯмак расонида шуд, ки ин иқдоми навбатӣ омӯзгорону хонандагонро рӯҳбаланд сохта, онҳо миннатдории хешро изҳор доштанд.
Дар хониши сиёсӣ бошад, намояндагони ҳизб дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаҳои хешро баён дошта, омӯзгорону устодони муассисаи таълимиро ба хизмати софдилона ба халқу Ватанро талқин карданд.