БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҲИЗБИЁН ҲАМАИ САЪЮ ТАЛОШИ ХУДРО БА ХОТИРИ ПЕШРАФТУ ШУКУФОИИ ВАТАН РАВОНА МЕСОЗЕМ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Маркази солимии репродуктивӣ” бо иштироки кормандони ин муассиса маҷлиси ҳизбӣ гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ иштирок намуда, иброз кард, ки мо бояд аз Истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем,  онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафту неруманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем.

Дар охир иштирокдорон зикр намуданд, ки самараи неки Истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg