ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар дар ташкилоти ибтидоии “Биноӣ”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Вохӯрии мазкур дар мавзӯъи “Бо обод намудани маҳалли худ, Тоҷикистонро гулгулшукуфон мекунем!” оғоз гардида, пешрафту ободии кишвар, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ дар тӯли 28 сол, ба кор андохтани чархаи дуюми НОБ-и Роғун ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ баррасӣ карда шуда, ҳамагон даъват гардиданд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, бо ҷалби шахсони саховатманд дар сохтмони ҳар гуна иншоотҳои маданиву маишӣ ва тозаву обод гардонидани ҷои зисти худ камари ҳиммат бандем ва Ватанамонро аз ин дида боз ҳам ободтар созем.