БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНИ ТОҶИК АЗ АЗАЛ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР АСТ!

ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Чанде қабл тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо ва хонишҳои сиёсӣ  дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар деҳаи Чупонободи Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон вохӯрӣ баргузор гардид.

Занону бонувони ҳунарманду чирадасти деҳаи мазкур аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё намудани ҳунарҳои  қадима хушнуду сарфароз буда, бо як ҳавасмандӣ ҳунарҳои хешро тақвият дода истодаанд, ки ҳунари волои онҳо дар намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ дар  ҳудуди кишвараммон ба намоиш гузошта мешавад ва маҳорати  ҳунармандии онҳо сазовори  баҳои баланд  гардидааст.

Инчунин, дар вохӯрӣ масъулини ҳизб дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки он масъалаҳои ҳаётан муҳимро дар бар гирифтааст,  сухан гуфта, ба занону бонувони  чирадаст барои тақвияти касбу ҳунарҳои миллӣ тавсияҳои судманд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg