ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Аз ҷониби масъулини ҳизбӣ бо мақсади баргузории суҳбату вохӯрҳо атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Моҳпора”-и ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроия атрофи нуктаҳои муҳими Паёми навбатӣ иҷрои талаботи қонунҳои миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, омӯзиши касбу ҳунарҳо ва ҷалби сокинони бекор ба касбу ҳунаромӯзӣ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки ҳадафи асосии ҲХДТ таъмини зиндагии шоистаи мардум буда, барои зиндагии босаодати сокинон пайваста талош меварзад.