БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НЕКӢ УМРИ ҶОВИДОНА ДОРАД

Ш.ШОҲИН.   Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Бо иштироки намояндагони ҳизбӣ дар деҳаи Бобо Носири Ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»  гузаронида шуда, бо дастгирии  фаъолони ҲХДТ  ба  хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 китобҳои бадеӣ аз ашъори шоирону нависандагони форсу тоҷик туҳфа карда шуд.

Инчунин, дар идомаи чорабинӣ хониши сиёсӣ доир карда шуда,  дар он  дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ, аз ҷумла самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар охир  аз ҷониби иштирокдорон иқдоми нек бо хушнудӣ пазируфта шуда, чанде аз онҳо иброз доштанд, ки чунин вохӯриву мулоқотҳои судманд бештар ба роҳ монда шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg