БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАШЪАМАНДИВУ НАШЪАҶАЛЛОБӢ ХАТАР БА АМНИЯТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

ШАҲРИТУЗ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Муомилоти ғайриқонунии маводи  нашъаовар барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан  ҷиноятҳои  фаромилӣ шароити мусоид фароҳам меорад.   Ба хотири мубориза бар зидди ин зуҳурот дар ташкилоти ибтидоии “Саховат”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ   масъулини КИ ҳизб дар ноҳияи мазкур    вобаста ба ин  масъала  андешаронӣ карда,  таъкид доштанд, ки  муомилоти маводи мухаддир ба ҳаёти осоиштаи  сокинон хатари ҷиддӣ дошта, истеъмоли он оқибат ба  марг оварда мерасонад. Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст,  бар зидди чунин амалҳои нангин  мубориза бурда, ҷомеаро аз зуҳуроти хатарзо пок созем.

Инчунин,  дар ин раванд  самтҳои дигари афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  ба дарки ҳамагон расонида шуда,  бо дастгирии сокинон Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳандозӣ  гардид.

Дар Аксияи ҳизбӣ аз ҷониби  соҳибкор, узви фаъоли ҲХДТ  дар деҳаи мазкур  сохтмони  дӯкони гӯштфурӯшӣ оғоз ёфта, дар рӯзҳои наздик  ба истифода дода хоҳад шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg