
ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Масъулини ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии «Маҳаллаи №9»-и Ҷамоати шаҳраки Фархор вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот баргузор намуданд.
Дар суҳбат дар бораи пешгирӣ аз бегонапарастӣ ва майл ба фарҳанги бегона сухан рафта, таъкид шуд, ки солҳои охир асолатбохтагон талош варзиданд, ҳиҷобу сатр, ки хоси миллати мо нест ва ба фарҳанги мо бегона аст, дар байни мардум тарғиб карда, ба фарҳанги мо ворид намоянд. Аммо пеши роҳи хурофоту бегонапарастӣ гирифта шуд. Воқеан, он сару либосе, ки миёни бонувони мамлакат дар баъзе маҳаллаҳои ҷумҳурӣ муд шудааст, ягон асолати милливу динӣ надорад. Муофиқи маълумотҳо халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ ба чунин бегонапарастӣ роҳ намедоданд.