БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА АМАЛҲОИ ИФРОТӢ ДАСТ ЗАДАН АЗ БЕСАВОДӢ ВА БЕМАЪРИФАТИСТ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Бо иштироки  масъулини ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии «Турдишайх»-и Ҷамоати деҳоти  Озодагон чорабинии ҳизбӣ дар доираи  Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳандозӣ гардид.

Зимнан дар суханрониҳо оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб – таассубу хурофот ва пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнӯъ, ки мақсадашон оромии кишварро вайрон кардан аст,  андешаронӣ шуда, таъкид  гардид, ки сабаби гароиши ҷавонон фаҳмиши нодурусти онҳо дар бораи ватандӯстӣ, хешташиносӣ  буда, боис мешавад, онҳо ба хотири маблағи ночизи ваъдашуда  ба ватанфӯрушӣ дода шаванд. Дигар он, ки ба таассубу хурофот дода шуда, расму оини ба миллати тоҷик бегонаро аз худ менамоянд.

Аз ин хотир  ҷомеаро зарур аст,  мафкураи қисми ҷавонро аз олудашавии падидаҳои номатлуб ҳифз намуда, дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва нигоҳ доштани фарҳанги ниёгонамон тарбия намоянд.

Қисмати амалии чорабинӣ бо роҳандозии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем”  баргузор гардида, ъзо ва фаъолони ташкилоти ибтидоӣ ба як оилаи ниёзманди маҳалаашон кӯмаки моддӣ  расониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg