![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/4_66.jpg?itok=hnrngUM-)
НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” хониши сиёсӣ оид ба омӯзиши самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар баромади хеш дар бораи фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳувияту асолати миллӣ андешаронӣ карда, таъкид намуданд, ки фарҳанг ҳастии мллат ва муаррифгари давлат мебошад ва ин арзиши волоро, ки аз гузаштагонамон то ба имрӯз ба мерос мондааст, чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.