БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАНДӮСТӢ АЗ ҲИФЗИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН ОҒОЗ МЕЁБАД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.

 “Ватандӯстӣ аз ҳифзи марзу буми Ватан оғоз меёбад ва ин амал рисолати ҷавонмардии  мо ба ҳисоб меравад. Ҷойи ифтихор ва шукргузорист, ки баъд аз ҳазор  сол мо дигарбора  соҳибватану  соҳибистиқлол гардидем ва бо ибрат  аз ин имтиҳони таърихӣ моро зарур аст  дар ҳимояи  Ватан  ва ҳифзу таҳкими  пояҳои  истиқлолияти давлатӣ ҳамаҷониба  кӯшиш намоем”- иброз доштанд масъулини  КИ ноҳиявии ҲХДТ   зимни вохурӣ   бо аъзо ва ҷонибдорони  ташкилоти ибтидоии «Баракат» дар  Ҷамоати деҳоти Навбаҳор.

Масъулин дар суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳарф зада, зикр намуданд, ки  ҳимояи марзу буми кишвар вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди Тоҷикистон мебошад.

Сипас, дар қисмати амалии  Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинони деҳа ба ҳашар  баромада, дар сохтмони болопӯши хонаи истиқоматии оилаи ниёзманд Ғаффоралӣ Алибоев кумак расониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg