ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади хониши сиёсӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Гулистон»- и Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш кормандони КИ ҳизбии ноҳия дар мавзӯи сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳандозии корҳои хайру сахо дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”, маҳкум намудани андешарониҳои хоинони миллати тоҷик зери ниқоби Паймони миллии Тоҷикистон, даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, баромад карданд.