![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20190920_104948.jpg?itok=ORDNmfpL)
ДАНҒАРА. Дар доираи баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.
Бо мақсади тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи Корез хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар баромади хеш қайд доштанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” падару модарро муваззаф месозад, ки масъулияти таълиму тарбияро ҷидӣ бар дӯш гиранд ва фарзандонро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия созанд. Дар ин баробар ҳар як шаҳрванди худогоҳу бедордилро зарур аст, ки дар риояи талаботи қонунҳои миллӣ, масъулияти ҷиддӣ дошта дар корҳои ободониву созандагӣ низ фаъол бошанд.