БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ ВАЗИФАИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ!

ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.     

 Дар деҳаи Тоҷикистони Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Дар ҳамоиш Сафарзода Бахтовар Амиралӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Одилҷон Маҳмадов раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳангоми баромад Сафарзода Бахтовар изҳор кард, ки мақсади аслии ҷамъомад, иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати хуб ба роҳ мондани таълиму тарбияи фарзандон, ҷалби духтарон ба мактаб, пешгирии амалҳои номатлуб дар байни занон, ҷавонон, ноболиғон, аз қабили содир намудани ҷиноят, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, худкушӣ, худсӯзӣ ва пешгирии ҷомеа аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ иборат аст.

Одилҷон Маҳмадов тазаккур дод, ки фаҳмонидани моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  яке аз  вазифаҳои асосии  фаъолони ҷомеа мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg