БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ДАР РУШДУ НУМӮИ ВАТАН НАҚШИ АРЗАНДА ДОРАД

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.    

     Дар ташкилоти ибтидоии “Маҳаллаи Дўстӣ”-и шаҳри Бохтар бо мақсади  хониши сиёсӣ ҷамъомад баргузор шуд.

      Зимни суханронӣ масъулин  таъкид доштанд, ки имсол барои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон соли таърихист, зеро имсол аз таъсисёбии он 25-сол сипарӣ мешавад. ҲХДТ дар ин давра бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти пурсамар дошта, дар рушду нумӯ ва пешрафти Ватани азизамон нақши арзанда гузошта истодааст. Мо аъзои ҲХДТ-ро  лозим аст, ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои назаррас  истиқбол  намоем, таъкид доштанд баромадкунандагон.

   Сипас, байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбӣ оид ба  равандҳои гуногуни сиёсии дохилию берунӣ суҳбатҳои судманд сурат гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg