Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Меҳнатобод»-и Ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулини ҳизбӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, бандҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии кишвар, солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамагон барои дар амал татбиқ намудани сиёсати ободкоронаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ҳидоят гардиданд.