БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОНЕ, КИ БА МИЛЛАТИ ХУД ХИЁНАТ МЕКУНАД НОДОНЕСТ, КИ МОДАРИ ХУДРО БА ДУШМАН МЕФУРУШАД!

ВОКУНИШ. Чи гуфтанро намедонам. Наметавонам он эҳсосе, ки маро фаро гирифтааст баён намоям. Шумоҳо ва ҳам мо хуб медонем, ки аз худ ашхоси ватандӯстореро тарошиданиед. Вале то ба кай сохтакорӣ. Беҳуда худро ранҷ надиҳед, ҳарчанд, ки ба ивазаш ба маънои расташ ганҷ - пул гирифта истодаед. Сохтакорӣ умри кӯтоҳ дорад. Нияти ободии Ватанро, ки надоред нақшҳоятонро ҷо-ҷое хуб бозӣ карда наметавонед. Ва мақсади аслии шумо низ дар ҳамон лаҳзаҳо зоҳир мегардад. Шояд суол гузоред, ки пас чист мақсади мо? Мақсадатон ҳар чи набошад наку нест. Ҷонибдори пешравии давлат нестед! Дустдори ин сарзамин ва мардуми Тоҷикистон нестед. Шумо хиёнаткорони ҳақиқии Ватану миллатед! Инро бидонед, ки шумо ба ҷуз таҳқиру саги лдар ба дар шудан чизе ба даст намеоред.

Аслан фаъолияти шуморо пайгирӣ намекардам. Чаро, ки кӣ буданатон рӯз барин рӯшан аст. Веле ба ҷои тамошои саҳнаи мазҳакавӣ як саҳначаи ҳаҷвии шуморо тамошо кардам, ки якбора асабамро хурд кард. Ба ҳар сурат чизҳоеро кашф кардам, ки бигзор дигарон низ донанд.

Дар ин мазҳака дар бораи Конференсияи САҲА нақл мекардед. Нақшҳоятон ҳам чун ҳамешагӣ "дустдорони ватан" буд. Номатонро фаромӯш кардам вале ҳайфи шумои "дустдорон"- и Ватану миллат. Дар ҳамон ҳолате, ки якеатон лаҳзае аз конфронсро бо шавқ нақл мекардед, ки буданатонро собит кардед. Мазмунан мегуфтӣ, ки ҳангоми суҳбат бо ким кадом нафари Тоҷикистон намояндаи ҷомеъаи шаҳрвандӣ-Мулло Абдураҳим аз шаҳри Кулоб кӯшиши наздик шудан бо шуморо кард. Ба ӯ чи гуфтед? Ба гуфтатон гуфтед, ки ин ҷо масъалаи...( Нофаҳмиҳоро бо ҳамсоякишвар-Қирғизистон ва кушта шудани афсарони тоҷикро дар назар дошт) дар миён аст боз гиря накунӣ..! Эй хок бар сарат!!! Агар ту дар воқеъ дустдори ватану миллат мебудӣ ғам аз гулуят медошт ва бо хандаю мазоқ ҳарф намезадӣ! Шумо нафаронед, ки бо дассисабозиву фитнангезӣ аз хоҷагонатон устухоне ба даст меореду рӯз мегузаронед. Аммо рӯзи мерасад, ки ба он нафароне, ки шумо манқуртонро барои сангпартои суи Ватани хеш истифода мебарад, нолозим мешавед ва шуморо ба ахлотӯдае мепартоянд...  

Далери Қурбон, донишҷӯаз шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg