Таъмини солимии ҷомеа

ФАРХОР. Тибқи ҷадвали тасдиқшудаи баргузории вохӯрию суҳбатҳо дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Фархор бо мақсади суҳбат намудан атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи марказӣ» вохӯри доир гардид.

Дар вохӯри намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар назди иштирокчиён баромад намуда,  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб суҳбатҳо оростанд. Суҳбати пурмазмуну самимона бештар дар доираи шарҳу тавзеҳ ва тат биқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаҳмонидани моҳияти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», огоҳӣ доштани шаҳрвандон аз хатарҳои терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирии он суханронӣ намудаанд

 Ҳамчунин дар баромади иштирокдорон қайд карда шуд, ки дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ислоҳот бомаром идома ёфта, дар натиҷаи мунтазам афзудани маблағгузорӣ дар ду соли охир садҳо муассисаҳои нави тандурустӣ, ки дорои таҷҳизоти замонавии тиббӣ мебошанд, мавриди истифода қарор гирифта, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар шуда истодааст. Дар ин замина мутахассисони соҳаро мебояд, ки аз нозукиҳои ин касби душвору ниҳоят барои ҷомеаи кунунии мо муҳим хуб огоҳӣ, дониш ва малака гирифта, хамчун мутахассисони варзида дар заминаи ин ҳама ғамхориҳо ба халқу ватани азизамон содиқона хизмат намоянд.

20180106_090904_0.jpgДар рафти баргузории вохӯрӣ бо роҳбарияти Беморхонаи марказии ноҳия мувофиқа карда шуд, ки дар рӯзҳои наздик дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ҷиҳати пешгирии бемориҳои  сироятӣ ба хотири таъмини солимии ҷомеа аксияҳои ҳизбии тарғиботиро  ба роҳ хоҳанд монд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Релизҳо

_____________