БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРРУПСИЯ БОВАРИИ МАРДУМРО БА МАҚОМОТҲОИ ДАВЛАТӢ КОСТА МЕГАРДОНАД

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мавҷудияти меъёр оид ба амалҳои марбути коррупсия дар асарҳои қадима, аз ҷумла асарҳои  хусусияти динидоштаи қабл  аз мелод таълифшуда гувоҳи онанд, ки коррупсия пеш аз солшумории мелодӣ ҳам вуҷуд доштааст. Бо мақсади ба дарки ҷомеа расонидани  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Шӯрообод»  хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Дар суҳбат намояндагони ҳизбӣ вобаста ба муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди  коррупсия бо роҳи ташаккули  мафкураи зиддикоррупсионӣ дар онҳо  андешаронӣ карда, қайд намуданд, ки коррупсия ба мисли таърих хеле қадима буда, дар ҳар давру замон садди роҳи инкишофи  иқтисодиёт  ва ҷомеа мегардад.

Ҳамзамон,  дар ин раванд дигар паҳлуҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва сиёсати берунаву дохилаи кишвар  баррасӣ карда шуда, вохӯрӣ бо суолу дархостҳои иштирокдорон анҷом ёфт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg