БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РУШДИ САЙЁҲӢ –АСОСИ ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИЁТ АСТ

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Сайёҳӣ падидаи мураккаби  иқтисодию иҷтимоии замони  мусоир буда,  вобаста ба  беҳбудии  вазъи иҷтимоии  аҳолӣ рушд меёбад. Бахши сайёҳӣ чун дигар соҳаҳои хоҷагии халқ  дар баробари рушди  тамаддуни  инсонӣ тағйирёбанда буда,  он навгониҳои ҳаёти  муосирро  таҷассум  менамояд. Дар ин хусус дар ташкилоти ибтидоии “Молия”  хониши сиёсӣ баргузор гардида, намояндагони ҳизбӣ  атрофи  ин масъалаи барои ҷомеаи имрӯза муҳим фикру андешаҳои хешро баён карданд.

Ҳамзамон, дар ин раванд самтҳои афзалиятноки дигари фаъолияти ҲХДТ,  эълон гардидани солҳои 2019-202 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баррасӣ карда шуда, иштирокдорон барои бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  ба корҳои ободониву созандагӣ раҳнамоӣ гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg