
ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Паёми навбатӣ аз пешрафти устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ башорат дода, ҳамзамон зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ ва сиёсати хориҷии давлат таъкидҳои судманд баён гардиданд. Вобаста ба ин мавзӯ дирӯз дар ташкилоти ибтидоии “Оби нӯшокӣ”-и ноҳияи Шаҳритуз вохӯрӣ доир гардид, ки дар он намояндагони ҳизбӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар ҳамоиш нуктаҳои муҳими Паёми имсола, ки он мавзӯҳои муҳимми ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъда ҷиҳати пойдорӣ ва устувории Ватан равшан сохт, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Сипас, бо дастгирии ташкилоти ибтидоии мазкур Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” доир гардида, ба як нафар оилаи ниёзманди ҷомеа, ки аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашид, бо оби ошомиданӣ таъмин карда шуд.