БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ПИРОНСОЛОН ВАЗИФАИ АСОСИ СОХТОРИ ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА МЕБОШАД

Н.ХУСРАВ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар  ташкилоти  ибтидоии  “Нафақа”-и  ноҳияи  Носири  Хусрав  хониши  сиёсӣ  дар  мавзӯи  «Ғамхорӣ дар  ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири  аҳолӣ ва таъмини  нафақаи пиронсолон  вазифаи  асосии  сохтори  ҳифзи  иҷтимоӣ  ва  нафақа  мебошад» баргузор  гардид. 

Роҳбарияти Кумитаи иҷроия дар суҳбат  қайд  намуд, ки  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  ҳалли  масъалаҳои  иҷтимоӣ, аз  ҷумла  ғамхорӣ дар  ҳаққи  гурӯҳҳои  осебпазирӣ  аҳолӣ  ва инчунин,  собиқадорону  нафақахӯронро  вазифаи  муҳимтарини  худ  мешуморад. Шахсони   маъюб, ятимон ва  собиқадорону  пиронсолони ноҳия  ба қайд  гирифта  шуда, ба  онҳо  аз  ҷониби  буҷети  давлат маблағҳои зарурӣ  ҳар  моҳ  пардохт  мегарданд.

Инчунин, дар охир дигар самтҳои сиёсати берунаву дохилии кишвар ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба дарки ҳамагон расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg