БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҒУН ОМИЛИ МУҲИМИ ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ ТОҶИКИСТОН АСТ!

 ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Шабакаҳои барқ” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Зимни баромад қайд гардид, ки яке аз воситаҳои муҳимтарини иқтисоди Тоҷикистон гидроэнергетика буда, он манбаи асосии таъмини нерӯи барқ барои аҳолӣ ва пеш бурдани иқтисодиёти мамлакат аст. Яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ин расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Ин ҳадаф бо таъмини дастрасии комил ба нерӯи барқ ва боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум мебошад. Яке аз шоҳкориҳои миллати тоҷик дар асри 21 ин бунёди Нерӯгоҳи барқии обии Роғун мебошад. Ин нерӯгоҳи азиму беназир маҳз бо роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст ва дар рӯзи 28 солагии Истиқлолияти давлатӣ агрегати дуюми он ба кор андохта шуд. Ба кор даромадани НБО-и Роғун Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба яке аз кишварҳои тадбиқкунандаи “энергияи сабз” маҳсуб ёфта, аз лиҳози манбаҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати сайёра қарор дорад, зеро 98% барқ тавассути нерӯгоҳҳои обии барқӣ истеҳсол карда мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg