ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ташкилоти ибтидои «Озода»-и шаҳри Левакант оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулини ҳизбӣ зимнан оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз суханронӣ намуда, моҳияти дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти кишварро ба иштирокдорон фаҳмониданд.
Дар иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинон ба тозаю озода намудани гирду атрофи бино ва тоза кардани ҷӯйборҳои обгузар машғул гардиданд, ки ин ободкориҳо ба ҳусни маҳалла ҳусни зебогиро зам кард.