БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КИСТ САРСУПУРДАИ ВАТАН - МАНУ ТУЕМ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Таҳти унвони «Сарсупурдагони Ватан – ману туем!» бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии «Сафедорон»-и ҷамоати деҳоти Озодагон  суҳбат роҳандозӣ гардид.

Нахуст, роҳбарияти Кумитаи иҷроия атрофи ташкили корҳои ободониву бунёдкорӣ дар асоси Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ростои ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, бо ҷалби шахсони саховатпеша бартараф кардани мушкилиҳои мардум дар сохтмони марказҳои саломатӣ, мактабҳои наву замонавӣ, бунгоҳҳои тиббӣ дар маҳаллаҳои қаламрави деҳот, дастгирии табақаи ниёзманди  аҳолӣ, огаҳӣ аз хавфу хатари терроризм ва роҳҳои пешгирии он маслиҳатҳои судманд доданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ сокинон аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ибрози қаноатмандӣ намуда, омодагии худро баҳри ҳамаҷониба дастгирӣ кардани он  андешаронӣ намуданд.

Дар интиҳо раиси ташкилоти «Сафедорон» Зарипов Шодӣ қайд намуд, ки ҷиҳати шоиста истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти  давлатӣ бо қувваи сокинон  ва соҳибкорони маҳаллӣ  сохтмони 4 синфхона дар муассиси таълимии №12  ба итмом расонида шуд.            

                                                                        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg