БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ РЕШАКАН КАРДАНИ АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТӢ АЗ ҶОМЕАИ МУОСИР

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Миршоҳ сохтмон”  қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ва тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб хониши сиёсӣ доир карда шуда,  аз ҷониби ташкилоти номбурда ба хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 як миқдор китобҳои бадеӣ туҳфа карда шуд.

Дар вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ дар бораи самтиҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ сухан гуфта, зикр карданд, ки  имрӯз дар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар  Аврупо гурӯҳе аз хоинони миллати тоҷик иштирок намуда, аз ҳуқуқ ва озодиҳои мардум сухан мегӯянд. Нафароне аз ин минбар сухан мегӯянд, ки замоне ҳуқуқҳои инсонро поймол намудаанд, ки амали ғайриинсониаашон ҳудуд надорад. Ҳамин амалҳои ноҷояшон буд, ки имрӯз пушти дари хоҷагони хориҷӣ дар Аврупо ва дигар кишварҳои хориҷ зииндагӣ доранд. Чанде пеш гурӯҳе аз аъзои ПАЙМОНИ ШАЙТОНӢ дар аврупо 1- солагии ташкилёбии ин ҳаракати ШАЙТОНИРО таҷлил намуданд. Аз баромадҳояшон дар ин ҷаласаи шайтонӣ дубора ошкор гардид, ки ин нохалафон заррае барои Ватан хизмат намекунанд, мақсадашон ба даст овардани ҳокимият ба таври зӯрӣ ва қатлу куштор мебошад.

Аз ҳамин хотир ҳар яки моро зарур аст зиракии сиёсиро аз даст надода, барои решакан кардани гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ муборизаи беамон барем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg