КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Тақвият ёфтани ташкилотҳои радикалии исломӣ ва террористӣ, ки истифода аз эътиқоди динӣ, тарсондан ва хушунатро ҳамчун як воситаи муҳим барои татбиқи манфиатҳои худ пайгирӣ мекарданд, боиси нигарониҳои ҷидӣ гашт. Бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ намояндагони ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии “Бӯстон”- и Ҷамоати Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён вохӯрӣ баргузор намуданд.
Ҳамзамон, дар ҳамоиш дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, аз ҷумла огоҳонидани сокинон аз хавфу хатари ташкилотҳои ифротӣ,тарғиби тарзи ҳаёти солим бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, хурофоту бегонапарастӣ ва дигар мавзӯҳои мубрами рӯз фикру андешаҳои хешро баён дошта, онҳоро барои аз даст надодани зиракии сиёсӣ, ки тақозои замон аст ва саҳм гузоштан дар амалҳои созанда раҳнамоӣ карданд.