БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛӢ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Имрӯзҳо бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ хонишҳои сиёсӣ  баргузор шуда истодааст.

Ҳамин тавр дар ташкилотҳои ибтидоии “Меҳробод” вохӯрӣ баргузор гардида, дар рафти он зикр гардид, ки Истиқлолият ҳамчун дастоварди бузурги миллати тоҷик моро дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун мардуми соҳибдавлату соҳибтамаддун шиносонд. Дар айни замон махсусан қайд карда шуд, ки дар шароити кунунии ҷаҳони муосир таҳкими Истиқлолият, устувор  гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани  сатҳ  ва  сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти  босуръати  илму  техника ва раванди  қувват  гирифтаистодаи ҷаҳонишавӣ  инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст. Ба ин хотир моро зарур аст атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зичтар муттаҳид гардида, дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз ва пояҳои онро мустаҳкам намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg