БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚАБУЛИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ – РАҲОӢ АЗ ҶАҲОЛАТУ ТААССУБ АСТ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб оид ба расонидани муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва тарғиби фарҳангӣ либоспӯшӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, корхонаву муассисаҳо, маҳаллаҳо ва ҳудуди ҷамоатҳо нишасту вохӯриҳо доир карда истодааст.

Дар робита ба ин дар ташкилоти ибтидоии “Ниҳол” бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ маҷлис баргузор карда шуд.

Намояндагони ҳизбӣ зимни суханронии хеш изҳор доштанд, ки аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи танзими анъана ва ҷаншну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 12 соли сипарӣ гашт, ки дар амал татбиқ намудани  қонуни танзим аз лиҳози равонӣ кори осон набуд. Чунки иддае аз шаҳрвандон ва хусусан баъзе аз намояндагони аҳли дин пойбанди хурофотпарастӣ  шуда, барои амалишавии қонуни мазкур омода набуданд.

Хушбахтона, тавассути дуруст ба роҳ мондани корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ ва садоқату муҳаббати бепоёни халқи азизамон ба сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки тӯли ин солҳо амалишавии қонуни мазкур барои болоравии  сатҳи зиндагии мардуми кишварамон саҳми босазои худро гузорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg