БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАШЪАМАНДӢ БА ҲАЁТИ ОСОИШТАИ ШАҲРВАНДОН ХАТАРИ ҶИДДӢ ДОРАД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Зарқалъа” доир ба пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва нашъамандию нашъаҷаллобӣ вохӯрии самарабахш багурзор карда шуд.

Дар суҳбат  масъулин  оид ба мавзӯҳои мубрами рӯз, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, пешгирии нашъамандӣ, баланд бардоштани маълумотнокӣ ва маърифатнокии ҷавонон вобаста ба пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, муқовимат ба савдои одамон ва нашъаҷаллобӣ баромад намуданд.

Инчунин, дар идома  қайд карда шуд, ки дар баробари авҷи терроризму экстремизм  зиёд шудани гирифторони бемориҳои сироятии ВНМО, сил ва нашъамандӣ ба мушоҳида мерасад, ки ин доғи рӯз на балки барои Тоҷикистон, балки барои кулли мардуми сайёра хело ташвишовар аст. Дар охир аз ҳамагон  даъват ба амал оварда  шуд, ки оид ба  масъалаҳо бетараф набуда, ҳамеша ба варзиши бадан машғул шуда, худ ва атрофиёнро солим нигоҳ доранд.

Дар охир иштирокчиён ба саволҳои додаи худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg