БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТГИРИИ ТАБАҚАҲОИ НИЁЗМАНД - ҲАДАФИ АСОСИИ МОСТ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар партави  дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии шахсони ниёзманд Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён иқдом гирифтааст, ки  дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ табақаҳои ниёзманди аҳолиро дастгирӣ намуда, сиёсати инсонпарваронаи Сарвари давлатро дар маҳал амалӣ намояд.

Дар ин ҷода бо дастгирии  ташкилоти ибтидоии “Мир-19” ба як нафар шахси ниёзманди  деҳаи Арабхонаи ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав Ҳавлодаров Рӯзӣ кумаки молиявӣ расонида шуд, ки аз ин иқдоми нек Ҳавлодаров Рӯзӣ миннатдории хешро баён дошт.

Инчунин, дар қисмати сиёсӣ  дар ташкилоти ибтидоӣ хониши сиёсӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор карда шуда, аз вохӯрии судманд ҷамъомадагон ба худ таассуроти нек бардоштанд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg