БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХАТМКАРДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ АКСИЯИ ҲИЗБИРО ДАСТГИРӢ КАРДАНД

ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи қисамати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо дастгирии аъзои ташкилоти ибтидоии «Хуҷақамбар» кӯмаки навбатӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6- и деҳаи Қамбарии Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара  Юсуфова расонида шуд. Хатмкардагони муассисаи мазкур Алифов Ҷаҳонбек ва Куканов Аюбхон аз ҳисоби пасандозҳояшон барои бунёди синфхонаҳои иловагӣ  ба миқдори 1 тонна  семент, 250 адад  хишти сементӣ ва 10 тонна шағал кӯмак расониданд, ки ин иқдоми  наҷиб дар баланд гардидани  маърифати шаҳрвандӣ  мусоидат хоҳад намуд.

Ҷараёни рафти Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар миёни соҳибкорону вакилон ва фаъолони ноҳияи Ёвон қобили қабул дониста шуда, дастгирии ҳамаҷониба ёфта истодааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg