БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАНЗИМ БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ ВА ТАНЗИМКУНАНДАИ РӮЗГОРИ СОКИНОН АСТ

ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии «Нуробод»-и Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод хониши сиёсӣ баргузор гардид.   

Нахуст, роҳбарияти Кумитаи иҷроия дар мулоқот қайд кард, ки боиси хушбахтии миллати тоҷик аст, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар чандин қонунҳои миллӣ ба тавсиб расиданд. Аз ҷумла тайи даҳ соли охир Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул ва роҳандозӣ гардида, ба дуруст сафарбар карани амалҳои хайру сахо мусоидат намуд ва мардум, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон аллакай ба дарки он расиданд, ки саховатмандӣ ва анҷоми корҳои неку созанда ба манфиати ҷомеа мебошад.

Инчунин, гуфта шуд, ки қонуни мазкур ин баланд бардоштани некӯаҳволи халқ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷотҳои зиёдатӣ мебошад. Дар қонун мафҳумҳои асоси зерин истифода мешаванд, анъана, маросим ва ҷашн ҳамаи инҳо таҷлили рӯйдодҳое ҳастанд, ки дар зиндагӣ мо ба онҳо вомехӯрем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg