БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТТЭ ҲНИ ВА ПАЙРАВОНАШ ТАҲТИ РОҲБАРИИ КАБИРӢ, ОЯНДА НАЗДИ ҚОНУН ВА МИЛЛАТУ ДАВЛАТ ҲАТМИ БОЯД ҶАВОБ ГӮЯНД!!!

ВОКУНИШ. Бидуни замон, авзои сиёсии сайёра дар давраи муосир хело нигароникунанда ва бисёр ноорому бесубот ва ҳамчунон боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардидааст.

Воқеан, ҳам кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархурди манфиатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифтааст.

Вобаста бо дарназардошти ин ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро водор менамояд, ки бо ҳамдигарфаҳмӣ ва талошҳои муштарак, самаранокии муборизаро бо хатару таҳдидҳои замони муосир пурзур намоянд.

Мутаассифона, ҳаст баъзе доираҳое, ки аз фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ пуштибони намуда албатта, ки барои амалии ҳадафҳои геополитикии худ, аз ин нерӯҳои даҳшатнок ба муқобили ин ё он давлат сӯистифода мекунанд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки мухолифи воқеи ҳамонест, ки барои ободии давлат талош мекунад, аз камбудиву мушкилот ҳарф мезанад ва роҳи ҳалли онро ба давлату Ҳукумат пешниҳод мекунад. Яъне ҳамчун алтернатива дар паҳлуи Ҳукумат қарормегираду на ин, ки барои манофеи гурӯҳи ё шахсии як нафар ба масъалаҳо яктарафа нигоҳ мекунад.

Аслан давлатҳои демократии амсоли давлатҳои Осиёи Миёна, алалхусус Тоҷикистон дар асоси мухолифат ва рақобат пеш мераванд. Мухолифат сабаб мешавад, ки сиёсатмадорон доимӣ ҳушёр бошанд ва барои миллату давлат хизмат кунанд.

Миллату давлати Тоҷикистон, нигоҳ накарда ба гузаштаҳо ҳақиқати воқеии ТЭТ ҲНИ-ро дер дарк карданд. Баъди ҳодисаҳои нангини солҳои 90-ум, гуноҳҳои кардаашонро бахшидаанду бовар намуданд, ки онҳо як нерӯи хидматгоре барои миллату меҳани хеш мегарданд, вале дақиқан исбот шуд, ки наҳзатиён на хидматгори халқу меҳани хеш балки хидматгори хоҷаҳои хориҷиашон буданду аз он рӯй натофтаанд.

Мардуми тоҷик шоҳид гардид, ки чандин фирефташудаҳои ин ҳизби наҳзат, ҳамчун содиқтарин аъзо аз фитнаҳои ҳизб, ниятҳои хиёнаткоронаашон огоҳи ёфта аз ҳизбу роҳбари найрангбозиашон Муҳиддин Кабирӣ рӯй тофта ба Ватан баргаштанду ва рӯз ба рӯз фаъолияти густурдаи ин ҳизби ифротгаро ошкор гардид.

Роҳбарият, аз ин амали пайравон ва оқибати парокандагии ҳизби наҳзат чизеро дарк карда, бо супориши хоҷаҳои хориҷиашон, таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ моҳи сентябри соли 2015 бо мақсади ҳадафҳои нопок, ба табадуллоти ҳарбӣ даст заданду хушбахтона ноком шуданд.

Аз ҷараёни нишасти САҲА аён аст, ки роҳбарият ва пайравони ТЭТ ҲНИ бо дигар ҳаммаслаконашон аз Паёми ба ном миллӣ, то имрӯз заифу нотавон буданду ва имрӯз низ нотавонанду то ҳанӯз аз мақсадҳои ғаразноку нопокашон даст накашидаанд.

Бо роҳи буҳтонзанию иғвоангезӣ зидди давлату миллат садо баланд доранд.

Ин Худозадаҳо аз он бехабар, ки мардуми меҳнатқарину мушкилнописанди Тоҷикистон аз мақсаду ниятҳои разилонаву нопоку бади наҳзатиҳо огоҳу ҳадафҳои беасосу бепояи онҳоро сахт маҳкум менамоянд.

Хоинону мазҳабфурӯшони наҳзати дониста бошанд, ки на дигар дастгирии созмонҳои аврупоӣ (САҲА) манфиаташон меораду на маблағҳои ҳароме, ки аз хоҷаҳои хориҷиашон (шиамазҳабҳо) гирифтаашон.

  • паймондорони бепаймону беимон сагони кӯчагарданду фақат бо устухони хоҷаҳояшон даҳон олуда мекунанду бо фармоиши онҳо аккос мезананду ба миллату давлати Тоҷикистон манфиате нест, ин хоинони миллат, мазҳабфурӯшони манфиатҷӯй аллакай худрову оиларо ба хоҷаҳо фурӯхтаву оилахез дар аврупо қарор доранду натанҳо худ, балки ҳамсару фарзандонашонро низ ғуломӣ ҳалқабаргӯши хоҷаҳои хориҷиашон кардаву бегона шудаву аҷнабипарастанд. Ҳеч гоҳ аз онҳо миллатдӯсту ватанпараст намебарояду рӯзе мерасад, ки дар хориҷ, онҳо сарпаноҳе намеёбанд.

Хона ёбад мур дар як зарраи хоки Ватан,

Беватан дар рӯи сад дунё наёбад сарпаноҳ.

 

Муҳаммаддовуд Ҳалимов-раиси Кумитаи

иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg