БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПОЙ ДАР ЗАНҶИР НАЗДИ ДӮСТОН…

ВОКУНИШ. Як нуқта хело ҳам хира ва нороҳаткунанда ба зеҳн мерасад, ки дар ягон ақли солим ҷой намегирад. Борҳо ҳамагон шоҳид буданд, ки дар давлатҳои Олмон, Фаронса, Британия Кабир, чандин маротиба мавриди ҳамлаи террористон қарор гирифта буд, ки вале пас аз ин қадар ҳодисаҳои номатлуб боз шароит фароҳам оварданд, ки гирдҳамоӣ ТТЭ ҲНИ ташкил кунад.

Ин навбат хоинони миллат ТТЭ ҲНИ таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ солгарди таъсисёбии паймони дурӯғини худро қайд карда, нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханҳои болохонадори беасос заданд. Кабирӣ дар баромади худ чунон паймони дурӯғини худро намоишкорона таърифу тавсиф мекард, ки "гӯё" Ҳукумат онҳоро ба гуфтушунид даъват карда бошаду онҳо рад карда бошанд. Аҷаб дурӯғҳои кайҳонӣ мегӯяд ин Кабирӣ. Чунон ҳарф мезад, ки агар ягон ҷоҳил нафаҳмад, фикр мекунад инҳо як тими бузургу пурқудрат ва гурӯҳи донишмандон онҷо ҷамъ шудаанду метавон ба онҳо бовар кард. Дар асл бо ба чор тараф ҷор заданҳо ҷуз ҳилаву найранг беш нест. Дар асл кас зимни сухан кардан, бояд далелу асосҳои амиқ дошта бошад. Масалан аз соли 1990-ум то инҷониб ин гурӯҳи ҷиноятпеша чандин маротиба гирдиҳамоӣ ташкил карда, соли 1992-юм онҳоро бо силоҳ таъмин намуда, ҷанги шаҳрвандиро ташкил карданд, ки дар ин рӯзҳои мудҳиш зиёда аз 150 ҳазор қурбон гаштанд. Бояд ин афроди ҷиноятпеша ба хуни ноҳақе, ки соли аз соли 1992-юм рехтанд ҷавоб мегуфтанд, чунки ин гурӯҳаки «мусичаи бегуноҳ» дар давлатҳои хориҷа фитнаангези намекарданд.  Худованди бузург дар Қуръони азимулшаън, сураи Бақара ояти 191 мефармояд, ки «Вал-фитнату-ашадду-минал-қатли»- яъне «Дар байни мардум фитна андохтан бадтар мебошад, аз қатл». Ё худ ҷойи дигар бузургворе мегӯяд:

Золимеро хуфта дидам нима рӯз,

Гуфтам ин фитна аст хобаш бурда беҳ.

Ҳар киро хобаш беҳтар зи бедорист,

Ончунон бад-зиндагони мурда беҳ.

 

Зиндагие, ки ин гурӯҳи террористи доранд, дар зиндон буданашон беҳтар аст...

Пой дар занҷир пеши дӯстон,

Беҳ ки бо бегонагон дар бӯстон.

Зеро маҳз ТТЭ ҲНИ таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирию ҳаммаслакони  лаганбардор ва хоҷагони хориҷиашон ҷавонони бегуноҳ қурбон гашта, чандин шаҳру ноҳияҳои валангор, модарони чашминтизор, арӯсони дилфигор, тифлонро гарданкаҷу зор  гардиданд. Боз дирӯз шоҳиди фитнаи дигари ин гурӯҳи ҷиноятпеша гардидем, ки ҷавонони гумроҳро ба роҳу воситаи ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил мегардонанд.

Бинобар ҳамин ҷиноятҳои дар болозикргардида ТТЭ ҲНИ-ро маҳкум менамоем. Фирефтаи найрангбозиҳои  навбатии наҳзатиён намешавем.

Ҳикматулло Сиҷоатов,

сархатиби масҷиди ҷомеаи ноҳияи Вахш

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg