БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ БЕХИРАДОН УМЕДИ НЕКӢ МАТАЛАБ, ТАЪМИРИ ҶАҲОН КОРИ ХИРАДМАНДОН АСТ!

АНДЕША. Ҷаҳоне, ки инсон болои он ба олами ҳастӣ қадам мегузорад, бо ақлу хирад метавонад ободу оромаш гузорад, то дами охири ҳаёт хурсандона зиндагӣ кунад. Миллати сарбаланди тоҷик ҳеҷ гоҳ ба дастбӯсии касе сар хам накардааст. Аз саҳифаҳои таърих медонем абармардони баору номус,ҷасуру далер ватандӯсту ҷонфидое, чун Восеъ, Спитамен, Темурмалик, ки баҳри дифои ватан ҷон нисор кардаанд.

Таърихи адабиёт низ ба хотир меорад, ки шоире агар дар дарбор чанде хизмат карду золимию ноадолатӣ, мардумфиребии шоҳеро дид, зуд аз он дарбор пой кашид.

 

Дунё самари маърифати инсон аст,

Ноҷурии он касофати шайтон аст.

Аз бехирадон умеди некӣ маталаб,

Таъмири ҷаҳон  корӣ хирадмандон аст.

 

Тероризм ва Экстремизм мавзуи доғи рӯз аст, инро Президенти заковатманду дурандеши мо ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба сари давлат омадан ба ҷаҳониён таъкид карда буд, ки ҳарчи зудтар пеши роҳи ин оташро дар якҷоягӣ бояд гирифт. Ин пешгӯйиҳои Сарвари миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон  имрӯз дар ҷаҳон тасдиқ шуд. Ин оташ  ҳазорҳо  одамонро  ба коми худ фурӯъ бурд, баъзе кишварҳоро сӯзонд, насли одамиро бераҳмона  нобуд кард ва нобуд карда истодааст. Инро мардуми мо медонанд ва ба қадри талошҳои Сарвари давлат мерасанд, давлати имрӯзаи мо намегузорад, ки ҷамъи  миллат парешон шавад. Мо танҳо дар иттиҳоди метавонем, аз оташи терроризм ва экстремизм  амон ёбем.

Таърих, баъди Анӯшервон Эмомалӣ Раҳмонро дорад.

  Дар ҳамин моҳи муборак зиёрати маъюбон рафтам, аниқтараш ба Муассисаи давлатии марказии Ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Кушониён. Шароите, ки  давлат имрӯз барои онҳо муҳайё кардааст, ягон наздиконашон нахоҳанд кард. Бо чанде аз онҳо ҳамсуҳбат шудем, ки чунин мегӯянд: «Одамон моро фаромӯш мекунанд, ҳатто наздиконамон низ аммо Сарвари давлат моро ҳеҷ гоҳ фаромўш намекунад. Аввал суханонашон аз некиҳои Пешвои миллат ва сиёсати имрӯзаи он аст. Бешак, агар нафаре аз чунин давлат ношукри  кунад, на танҳо дар ин дунё, балки дар ҳарду дунё гирифтори оташ хоҳад шуд. Саъдии бузург  гуфтааст:

 

Некӯӣ бо бадон кардан чунон аст,

Ки бад кардан ба ҷони некмардон.

Бад аз наҳвати ҷоҳ батар шавад,

Чу гардад қавӣ мор аждар шавад.

 

Сарвари давлат фарзандони ин тоифаро аз майдони оташ, аз ҷаҳони гумроҳӣ  ба диёри осоишта баргардонд, албатта, кӯдакон бегуноҳанд. Давлат ин наврасонро ба канор гирифта тарбият мекунад ва шояд, ки дар оянда шахсони хуби ҷомеа шаванд. Дар ин маврид Абулмаъонӣ Бедил фармудааст:

 

Бо ҳаловат мефизояд суҳбати соҳибдилон,

Меваи нахле, ки пайвандаш кунӣ  ширинтар аст,

Бе такаллуф касби хешӣ кун дар девони роз,

Андаке фаҳмидан аз бисёр гуфтан хуштар аст.   

 

Садафмоҳи   Раҳматшоҳ,

 узви ҲХДТ,омӯзгори

МТМУ №6 ноҳияи Вахш

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg