БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФИТНА БАДТАР АЗ ҚАТЛ АСТ!

ВОКУНИШ. Дар шабакаи интернетии ютуб навори видеоиро тамошо кардам, ки аз ҷараёни конфронси САҲА дар Варшава буд. Ин созмони сатҳи ҷаҳонӣ дар конфронси мазкур аъзои ташкилотҳои террористӣ-экстримистиро минбар додааст, баромад мекарданд. Онҳо дар баромади худ бо дурӯғу туҳмат ва бо лафзи тунди аз доираи одоб берун, ҷониби Тоҷикистонро зери танқид қарор медоданд, рости бо тамошои ин навор хашму нафратам боло рафт. Бори дигар исбот гашт, ки ин палидон аз иблисҳам иблистаранд. Ин ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ба балои дуруғгӯи гирифторанд, чун онҳо дар лабиринти хоҷагон афтодаанд, ки аз он берун баромадан ғайри имкон аст, онҳо танҳо як роҳ доранд – ин ҳам бошад бо дурӯғу фитнаангезӣ ва фирефта кардани ҷавонон пораи ноне меёбанду дар аврупо зиндагӣ мекунанд.

Ин гурӯҳҳои террористӣ имрӯзҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо номҳои мустаор то ин дараҷа мардумро гумроҳу фирефта кардан мехоҳанд, ки ба доми худ афтонанд ва ба сӯи худ даъват намоянд. Ҳатто таввасути шабакаҳои иҷтимоӣ мехоҳанд, ки ба чунин гурӯҳҳо майл пайдо кунанд.

Вақтҳои охир мо мебинем, ки ҳамаи ин ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳо дорои як манбаву сарчашма буда, усулҳои фаъолияташон низ як умумият дорад - ноором кардани авзои сиёсии давлатҳо, сӯистифода аз бовариҳои динӣ, ба вуҷуд овардани тафриқаи иҷтимоӣ, мубориза ба фарҳангу асолати миллатҳо, гумроҳсозии ҷавонон ва ба муқобили насли калонсол шӯронидани онҳо, бераҳмӣ, қатлу куштор, даҳшатафканӣ, фиребу фирефта кардани ҷомеа ва ғайра мебошад.

Хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992-1997 мебошад. Маҳз фитнаҳои ташкилоти экстремистиву террористии ҲНИ ва фирефта шудани ҷавонон ба иғвоҳои онҳо боис гардид, ки ба ҳисоби расмӣ 160 000 сокини кишвар ҳалок шуда, ҳазорҳо нафар кӯдакон ятим гаштанд, ҳазорҳо нафари дигар аз гуруснагӣ ва истеъмоли ҳар гуна донагиву гиёҳҳо ба ҳалокат расиданд. Миллионҳо нафар сокини осоишта гуреза шуда, қисме дар Афғонистон ба доми гурӯҳҳои ифротӣ афтода, нобуд гардиданд.

Мо имрӯз мақсади ин гуруҳои ифротиро медонем ва ҳаргиз онҳоро бовар намекунем. Чун, ки мо низ дар навбати худ ҳамчун соҳибватанони асил ва содиқ ба Пешвои миллат талош варзем, то он ҳама масъулияте, ки дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба мо бовар кардаанд, сарбаландона онҳоро иҷро кунем.

Раҳмонов Далер Сайвалиевич,

 мудири шуъбаи таблиғот,

иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фархор

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg