БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ЗЕРИ ШИОРИ ОЗОДӢ ҲАДАФИ НООРОМ КАРДАНИ ТОҶИКИСТОНРО ДОРАНД!

ВОКУНИШ. Тавре ҳамагон огоҳем дар пойтахти Лаҳистон шаҳри Варшава конфронси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар масъалаи  ҳуқуқи инсон шуда гузашт. Чун солҳои сол аз ҷамъомаду маҷлисҳои ин ташкилоти байналхалқи дар қатори намояндагони расмии давлатҳо инчунин баъзе аз ташкилоту гурӯҳҳои манфиатхоҳ низ ҳузур пайдо карда, сӯистифода менамоянд. Ҳамин гуна ҳизбу созмонҳо ва гурӯҳҳои моҷароангез ба монанди ТТЭ ҲНИ, Гурӯҳи 24, Анҷумани озодандешони Тоҷикистон ва Паймони ба ном миллӣ  ҳам дар нишастҳои САҲА ҷой пайдо намуда, гӯё барои адолат мубориза мебаранд. Гап дар сари он аст, ки ҳизбу гурӯҳҳои мазкур аз ҷониби мақомоти судии Тоҷикистон бино бар характери ифротию террористӣ доштанашон расман фаъолияташон мамнуъ ва террористӣ-экстримистӣ эълон гаштааст.

Аз ин хотир роҳбарон ва аъзоёни фаъоли ин гурӯҳҳо бо ҳар роҳу восита ва бо раҳнамоии хоҷагони манфиатхоҳашон мекӯшанд бар зидди мамлакат ва давлати тоҷикон садо баланд карда, обрӯи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз минбари як созмони байналмилалӣ паст зананд.

Тааҷубовараш ин аст, ки магар САҲА рисолати асосиашро фаромӯш кардааст, ки ба ҷойи ҳимояи ҳуқуқи инсон гурӯҳҳои террористие, ки дасташон бо хун оғуштааст, минбар медиҳад. Бо минбар додани террористон ин созмони сатҳи ҷаҳон-САҲА ҳуқуқу озодиҳои зиёда аз 9млн шаҳрвандони Тоҷикистонро поймол мекунад. Магар ҳамин аст рисолати ин созмон? Ин созмонро мебояд, ки агар воқеан дар талоши демократия ва адолати инсонҳост пас бояд ба ин ҳаракатҳои ифротию экстремистӣ минбар надиҳанд. Зеро тавре, ки гуфтем ҳадафи ин гурӯҳҳо танҳо нооромӣ, барҳам додани суботи сиёсӣ ва қудратхоҳи мебошад. Халқи шарифи Тоҷикистон чеҳраи аслии ин хоинонро хубу беҳтар шинохтааст ва ҳеҷ гоҳ ба сафсатаю ҳарзагӯии онҳо дигар ҳаргиз бовар намекунанд.

Забиров Маҳмуд,

узви фаъоли ХХДТ

аз н. Абдураҳмони Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg