БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ ДУРУСТУ МАҚСАДНОКИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БО МАҚСАДИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҷиҳати таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроия дар ташкилоти ибтидоии «Обшорон» атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ  баргузор гардид.

Зимнан дар рафти вохӯрӣ масъулин гузориш доданд, ки аз рӯи таҳлили маълумотҳо имрӯзҳо масъалаи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмӯъ техналогияи навин ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз мубаддал гаштааст. Зеро василаҳои техникии муосир дар баробари фоидаи рӯзафзун ва осон намудани алоқаи байниҳамдигарии инсонҳо, ҳамзамон ба манбаи сохтакориву авомфиребӣ ва тафриқаангезиву воситаи паҳншавии ақидаҳои иртиҷоӣ табдил ёфтааст. Бояд гуфт, бо пайдоиш ва рушди интернет инсоният дар самти шинохти сайёраи Замин ва кайҳон ба дастовардҳои чашмрас ноил гардид ва имкониятҳои васеъи онро ҳамқадами ҳаёт ва фаъолияти худ интихоб намуд.

Дар охир оид ба ҳадафҳои олии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он суҳбату муколама сурат гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg