БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ ОЛИИ ҲХДТ АСТ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Кишоварз”  хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар нохияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.

Зимни баромад қайд карда шуд, ки  таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун гардонидани иқтидори содиротии кишвар  ин ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумат ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 3 баробар зиёд гардида, аз 7,4 милиард сомонӣ соли 2000 ба 21, 3 милиард сомонӣ дар соли 2018 расонида шуда , содироти маҳсулоти кишоварзӣ мунтаззам афзоиш ёфта истодааст. 

Дар баробари ин зарур аст, ки барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда дар самти рушди соҳа  ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба масъалаи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ диққати бештар дода шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg